Дар доираи тадбирҳои рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишт, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо саҳмдорон ва хоҷагидорон семинари дастурдиҳӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ободу зебо гардонидани мавзеи Рухак, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва рушд бахшидани соҳаи токпарварӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
