10.06.2026 04:31

23-юми феврали соли 2026 аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-сол пур шуд. Давоми 33 соли мавҷудият Артиши миллӣ тавонист рисолати худро иҷро намуда, ба як нерӯи бузурги мудофиавии кишвар табдил ёбад. Дар ҳамин замина дар маҷлисгоҳи Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.