10.06.2026 04:36

Дар шаҳри Хуҷанд даври вилоятии Фестивал-озмуни «Суруди сарбоз» баргузор гардид. Дар он сарбозони қисмҳои ҳарбии Гарнизони Суғд иштирок намуда, бо намоиши истеъдод ва маҳорати баланд миёни ҳам маҳоратсанҷӣ карданд. Иштирокчиён суруду таронаҳои пурмуҳтавои ватандӯстона ва тарғибкунандаи хештаншиносиро иҷро намуда, ҳисси ифтихор аз Ватан ва садоқат ба хизмати ҳарбиро боз ҳам таҳким бахшиданд.