Саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Расидан ба ин ҳадаф рушду нумӯи иқтисодӣ ва зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин хоҳад кард. Дар ин раванд нақши Палатаи савдо ва саноати Ҷумхурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегардад. Бо мақсади боз ҳам ривоҷ додани соҳа дар меҳмонхонаи Суғдиён мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзоёни он доир гардид.
