10.06.2026 04:30

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кишоварзон ва механизаторон техникаву мошинолоти худро ба хатти тайёр омода намуда, барои мавсими кишту кори баҳорӣ омодагӣ мегиранд. Дар ҳамин замина дар ноҳияи Спитамен чорабинии “Хатти тайёр” баргузор гардид. Дар он кишоварзон ва механизаторон техникаву механизмҳои соҳавиро ба намоиш гузошта, омодагии худро ба мавсими нави кишт баён доштанд.