10.06.2026 04:36

Дар доираи иқдомҳои созанда, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои ободонӣ ба таври густурда ба роҳ монда шуда, барои истиқболи шоистаи ҷашнҳои миллӣ муҳити зебову муосир фароҳам оварда мешавад. Дар доираи ҳамин тадбирҳо, дар шоҳроҳи автомобилгарди Хуҷанд – Ғафуров корҳои васеи ободонӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори муассисаи давлатии Сарраёсати ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия наздики 60 ҳазор бех гули садбарги сафед шинонида шуд.