Картошкапарварӣ аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, дар мамлакат майдони кишт ва ҳаҷми истеҳсоли картошка сол аз сол зиёд мешавад. Имсол дар вилояти Суғд кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 1200 гектар ба нақша гирифта шудааст. Дар асоси маълумоти фаврӣ оид ба рафти иҷрои чорабиниҳои агротехникӣ то ба санаи 25 феврал нақшаи кишти картошка 45,6 дарсад иҷро гардида, дар умум дар майдони 547,5 гектар кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст.
