Ҳамасола дар фасли сармо баробари гузаронидани корҳои агротехникӣ кишоварзон ба хатти тайёр гузоштани техникаҳо чораҳои саривақтӣ меандешанд. Дар ҳамин замина дар шаҳри Конибодом маъракаи қабули техникаҳои кишоварзӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои масъулини соҳа дар шаҳр беш аз 500 адад техникаи гуногуни кишоварӣ мавҷуд буда ба мавсими нави кишт омода мебошанд.
