Шарту шароити хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар шуда, ба талаботи низомии замони муосир мутобиқ гардидааст. Имрўз ҷавонони далеру шуҷои Ватан баҳри ободии Тоқикистон, таҳкими амнияту субот ва пешрафти рўзафзуни мамлакат ҷаҳду талош варзида, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан-Модар ба таври шоистаю намуна иҷро менамоянд.
