10.06.2026 04:30

Дар шаҳри Истаравшан, тадбирҳои муҳими ташкилию назоратӣ амалӣ гардида, омодабошии техникаҳои кишоварзӣ мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор дода мешавад. Зеро амали гардонидани иқдомҳои судманд имкон фароҳам меоранд, ки кишоварзон мавсими кишти баҳориро бо истифода аз техникаҳои муосир ва хизматрасониҳои босифат сари вақт оғоз намуда, бо меҳнати софдилона барои ба даст овардани ҳосили фаровон ва ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.