Дар Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд семинар-машварат таҳти унвони “Истифодаи усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи пахтакорӣ ва парвариши сабзавоту картошкаи барвақтӣ” баргузор гардид. Дар ҷараёни семинар масъалаи кишти зериплёнкаи пунбадона мавриди баррасӣ қарор гирифт.
