10.06.2026 04:28

Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят машқи пагоҳирӯзӣ баргузор шуд. Машқи пагоҳирӯзӣ ва роҳгардии варзишӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим – руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст!» дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд бо иштироки сокинони сершумор дар сатҳи баланд ҷараён гирифт.