10.06.2026 04:28

Дар вилояти Суғд корҳои ободониву сабзгардонӣ дар муассисаҳои сохтори мақомоти корҳои дохилӣ вусъати тоза касб намудааст. Дар ин замина, дар ҳудуди факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ба таъсиси боғи дарахтони мевадиҳанда ва кабудизоркунии муҳити таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Ин аст, ки аҳмияти махсус ба истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда равона шуда, қитъаи 4,2 гектар замини қаблан аз истифода дурмонда пурра эҳё ва ба боғи мевадиҳандаву токзор табдил дода шуд.