Аз ҷониби кишоварзон дар вилоят барои барқарор намудани боғи куҳна ва бунёди боғҳои нав корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешавад. Боғдорон баробари афзун намудани навъҳои маҳаллӣ, ҳамчунин парвариши намудҳои дарахтони нодири мевадиҳандаи хушсифатро ба роҳ мондаанд. Ба даст овардани ҳосили фаровон ва хушсифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти боғдорон ба шумор меравад.
