10.06.2026 04:30

Бо фарорасии фасли зебои баҳор ва наздик шудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, фазои кишвар саршор аз шодию сурур ва омодагиҳои идона гардидааст. Имрӯзҳо дар ҳар гӯшаву канори ноҳияи Деваштич, метавон шоҳиди талошу заҳмати созандаи мардум шуд. Аз ин рӯ, омодагиҳо ба ин ҷашни хуҷастапай танҳо як расм набуда, балки нишонаи фарҳанги баланд, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти ҳар сокини диёр аст.