10.06.2026 04:35

Сокинони деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳар порча заминро самаранок ва оқилона истифода намуда, дар кишту парвариши сабзавоти гуногун ва гирифтани ду-се ҳосил аз як қитъа замин масъулияти дучанд ҳис мекунанд. Ташкили гармхона, парвариши сабзавоти барвақтӣ ва кӯчати он аз тадбирҳои андешида дар деҳоти Зарзамин буда, ин иқдом ба аҳолӣ манфиати иқтисодӣ мебахшад.