Дар вилояти Суғд ба рушди боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардида, боғдорон ҷиҳати гирифтани ҳосили хуб ва эмин доштани майдонҳо аз сардиву гармӣ чораандешӣ менамоянд. Бо паст фаромадани ҳарорати ҳаво ва сардиҳои ногаҳонӣ, хатари осеб дидани дарахтони мевадиҳанда бештар мегардад. Дар чунин рӯзҳо боғдорон бояд тадбирҳои иловагии муҳофизатиро роҳандозӣ намоянд, то ҳосили дарахтон аз байн наравад.
