Диабети қанд имрӯз яке аз бемориҳои паҳншуда дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди таваҷҷуҳи зиёд ба он, сафи гирифторони ин беморӣ дар ҷаҳон ҳамасола меафзояд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон зиёда аз 500 млн нафар аз ин беморӣ азият мекашад.
