Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба гиромидошти хотираи 3 карат қаҳрамонии бозиҳои олимпӣ Бувайсар Сайтиев мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини тарзи озод баргузор шуд. Дар ин чорабинии варзишӣ 10 нафар варзишгари хурдсол, дастпарварони мактаби варзишии рақами 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуда, ба гирифтани 10 медал, аз ҷумла 3 медали тилло мушарраф шуданд.
