Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол таҳти унвони “Футбол барои ҳама” бахшида ба гиромидошти хотири Президенти фахрии Федератсияи футболи кишвар Суҳроб Қосимов оғоз гардид. Дар ин мусобиқа 24 даста футболбозони аз 7 то 11 сола аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доранд.
