Миёни тамоми идҳое, ки дар саросари ҷаҳон таҷлил мегарданд, куҳантарин ва пурғановаттарин ҷашн барои башарият Наврӯзи байналмилалӣ ба шумор меравад. Ин ҷашни хуҷастапайи миллати фарҳангпарвари тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумон мебошад.
