Як гуруҳ соҳибкорону намояндагони вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Ин гуруҳ бо иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии вилояти Суғд шинос мешаванд. Ин иқдом барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, табодули таҷрибаи истеҳсолӣ ва муносибати шарикии соҳибкорон заминаи мусоид фароҳам меорад.
