Ниҳолшинонӣ яке аз амалҳои неку созанда ба ҳисоб меравад. Анҷоми ин анъанаи нек метавонад муҳити зистро боз ҳам ободу зебо гардонида, дар замири насли нав эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва табиатро тақвият бахшад. Имрӯз дар шаҳраку дехот ва маҳаллаҳои ноҳияи Деваштич корҳои сабзкорӣ ва хуррамгардонӣ вусъат ёфта, мардум бо эҳсоси баланди масъулият дар ин ташаббусҳои созанда фаъолона ширкат меварзанд.
