Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ фестивал-озмуни вилоятии «Бозиҳои миллӣ» баргузор шуд. Дар озмуни мазкур, ки аз рӯйи 8 намуд ҷараён гирифт хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштироку маҳоратсанҷӣ карданд.
