Бахшида ба иди Наврӯзи фархундапай дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол таҳти унвони “Ҷоми Наврӯз” оғоз гардид. Дар ин чорабинии варзишӣ 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон иштироку маҳоратсанҷӣ мекунанд.
