Дар шаҳри Истаравшан ба хотири истиқболи арзанда аз ҷашнҳои миллии дар пешистода корҳои ободониву созандагӣ, хосатан сабзу хуррамгардонии як гӯшаи Ватан дар авҷ аст. Бо иқдоми МИҲД-и шаҳри Истаравшан дар ду канори шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд маъракаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд. Дар ин амали неку созанда беш аз 300 нафар сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, зиёда аз 2 ҳазор бех ниҳолони мевадиҳандаю сояафканро шинониданд.
