Вилояти Суғд ҳамчун минтақаи дорои имконоту патенсиалҳои зиёд дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании баландсифат ва зиёд шудани хаҷми содироти маҳсулот ҳиссаи назаррас дорад. Маҳсулоти кишоварзиву саноатии истеҳсолшуда дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ аз вилояти Суғд, ба кишварҳои хориҷи дуру наздик содирот шудаанд, ки ҳаҷми он 371,9 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.
