10.06.2026 04:32

Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву ваҳдатофар дар байни кишварҳои ҷаҳон соҳиби мақому обрӯи хос буда, имрӯз бо шарофати сиёсати дурнандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстонаву ҳасана дорад. Санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, дар таърихи давлатдорӣ ва сиёсати дурнигарона саҳфаҳои навро боз намудааст.