Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо риояи анъанаҳои миллӣ ва оростани хони идона дар қимсҳои низомии Гарнизони Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Таҷлили ин ҷашни бостонӣ дар қисмҳои ҳарбӣ собит месозад, ки хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи кишвар на танҳо ҳомиёни боэътимоди Ватан мебошанд, ҳамчунин дар роҳи ҳифзи анъанаҳои миллӣ низ саҳм мегузоранд.
