10.06.2026 04:34

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ дар вилояти Суғд баҳри рушди чорводорӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шуда, зотҳои гуногуни он парвариш карда мешавад. Филиали Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои зиёд намудани зоти бузи тоҷикӣ минтақаи таҷрибавии худро таъсис дода, дар он беш аз 150 сар бузи зоти тоҷикиро нигоҳубин ва парвариш мекунад.