10.06.2026 04:33

Истиқлолияти давлатӣ заминаи асосии рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, барои ободонии шаҳру деҳот ва беҳсозии зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард. Дар остонаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва фарорасии баҳори нозанин, дар саросари кишвар, аз ҷумла ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, корҳои ободонию кабудизоркунӣ вусъати тоза касб намудаанд. Дар ин замина, дар шоҳроҳи Хуҷанд–Ғафуров корҳои сабзу хуррамгардонӣ бо маром идома доранд.