Эълон гардидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Тоҷикистони соҳибистиқлол аз мавқеъи сазовори кишвар дар арсаи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад. Ин иқдом барои ояндаи тамоми башарият нигаронида шудааст. Ин масъала аз манфиатҳои миллии як давлат набуда, дарки масъулияти глобалиро барои нигоҳ доштани унсурҳои асосии мувозинати табии Замин таҷассум менамояд.
