Бо дарки муҳимияти истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ масъулини шуъбаи маорифи нохияи Ҷаббор Расулов ҳар як ваҷаб заминҳои корами назди муассисаҳои таълимиро мақсаднок истифода бурда, дар онҳо анвои гуногуни зироати кишоварзӣ кишт намуданд. Ба таъкиди омӯзгорон ҳосили аз заминҳои назди муассисаи таълимӣ рӯёнидашуда барои серғизо намудани хӯроки хонандагон истифода мегардад.
