10.06.2026 04:32

Дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ» доир гардид. Зимни баргузории семинар масъалаҳои муҳим вобаста ба ғанигардонии орди гандум бо иловаи моддаҳои ғизоӣ, аз ҷумла витамину моддаҳои минералӣ, инчунин йодноккунии намаки ошӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.