Бунёди боғҳои интенсивӣ имрӯз ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истифодаи самараноки замин аҳамияти калон дорад. Ин усул имкон медиҳад, ки дар майдони маҳдуд бо истифода аз ниҳолҳои серҳосил ва технологияи муосир маҳсулоти бештар ба аст оварда шавад. Ҷорӣ намудани чунин таҷрибаҳо дар пешрафти соҳаи боғпарварӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши муҳим дорад.
