Осебшиносӣ ва ортопедия яке аз бахшҳои соҳаи тандурустӣ буда, дар муассисаҳои соҳа духтурон ба табобату ҷарроҳии намудҳои гуногуни гирифторони бемории усутухону зону ва сутунмуҳра машғул мебошанд. Бо истифода аз имокниятхои мусоид дар шуьбаи осебшиноси ва ортопедии беморхонаи клиникавии №1-и шаҳри Хуҷанд шароити хуби корӣ ва ташхису табобат фароҳам оварда шудааст.
