10.06.2026 04:27

Маҳфили “Меҳмонсаро”-и маҷаллаи Паёми Суғд ин навбат дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор гардид. Зимни суҳбат бо Шарифҷон Ниёзов-фарзанди устоди санъат Боймуҳамад Ниёзов аҳли эҷоди маҷалла вобаста ба рӯзгори ибратбахши Боймуҳамад Ниёзов, рушди санъат ва нақши фарҳанг дар муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳон маълумот гирифтанд.