Пошидани маҳлулҳои зидди ҳашароти зарарасон, махсусан дар марҳилаи аввали пайдоиши ҳамагуна беморӣ, метавонад паҳншавии онро пешгирӣ намояд. Аз ин лиҳоз имрӯзҳо масъулини филиали муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ дар вилояти Суғд ва боғпарварон дар самти ҳифзи дарахтони мевадиҳанда аз ҳашароти зараррасон ҷиҳати гирифтани ҳосили баланди хушсифат тадбирҳои саривақтӣ андешида истодаанд.
