Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, инчунин тарбияи насли соҳибзабон ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд озмуни «Забони давлатӣ — ифтихори миллат» баргузор гардид. Озмун дар се давр баргузор гардида, дар даври вилояти беҳтаринҳо байни ҳам сабқати илмӣ намуданд.
