Дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба карате-до WKF (Ве-ке-еф) байни варзишгарони аз 18 сола боло ба анҷом расид. Дар Чемпионати мазкур беш аз 100-нафар каратечиёни бомаҳорати кишвар иштирок намуда, 12 нафар беҳтаринҳо соҳиби унвони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ин намуд дар соли ҷорӣ гаштанд.
