10.06.2026 04:37

Ҳунари атласу адрасбофӣ ҳамчун яке аз рамзҳои зебоӣ, завқи баланди эстетикӣ ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик аз қадим то имрӯз мақоми хоса дорад ва имрӯз низ шуҳрати байналмилалӣ пайдо кардааст. Ҷамъияти дорои масъулити маҳдуди «Атласи Хуҷанд» бо истифода аз таҷрибаи ҳунармандони маҳаллӣ ва технологияҳои муосир истеҳсоли атласу адрасро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, маҳсулоти босифат ва рақобатпазир омода менамояд.