10.06.2026 04:28

Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд дар партави ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Захираҳои обӣ ҳамчун омили рақобатпазирии иқтисоди Тоҷикистон дар бозори минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор гардид. Дар кори конфронс масъалаҳои муҳими вобаста ба истифодаи самараноки захираҳои обӣ, рушди «иқтисоди сабз» ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии обӣ баррасӣ гардиданд.