10.06.2026 04:30

Аз 1 март то 30 май иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллӣ ва вазорату идораҳо   ба роҳ монда шуд, ки ин нишона аз фарҳанги бой доштани миллати тоҷик мебошад. Ҳар миллату халқият дорои либосҳои миллӣ буда, ба фарҳанги волои ниёгони хеш арҷ мегузорад. Либоспӯшии тоҷикон, ки таърихи қадимӣ дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб мешавад, бозгӯ аз завқи зебоипарастии мардуми покнажоди тоҷик аст.