Тибқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 1-уми майи соли 2026, дар шаҳру ноҳияҳои картошкапарвари вилояти Суғд беш аз 10 ҳазор гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки ин нишондод 59 фоизи нақшаро дарбар мегирад. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ин тамоюли мусбат аз он шаҳодат медиҳад, ки кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи солҳои гузашта ва дастгирии давлатӣ фаъолияти худро беҳтар ба роҳ мондаанд.
