Аз санаи 1 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Моҳвораи ҷавонон” оғоз гардид. Ба ин муносибат дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва шумораи зиёди ҷавонон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
