10.06.2026 04:37

Дар вилояти Суғд  ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи саноат таваҷҷуҳи хоса равона шуда, соҳибкорону сармоягузорон дар заминаи дастгириҳои давлатӣ корхонаҳои нав бунёд менамоянд. Ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаҳои хурду бузург ба нақша гирифта шуда, ҳар сол садҳо корхонаи нав ба фаъолият шуруъ мекунанд, ки ин тадбир дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда замина фароҳам овардааст.