10.06.2026 04:37

Соли 2026 аз таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд сад сол сипарӣ шуд. Осорхонаи мазкур соли 1926 таъсис ёфта, тӯли як аср ҳамчун маркази гирдоварӣ, ҳифз ва муаррифии осори гаронарзиши таърихиву фарҳангии халқи тоҷик хизмат намуда истодааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз ин муассиса тавонист ҳамчун макони нигоҳдории ёдгориҳои нодири бостонӣ ва маркази тадқиқоти илмӣ мавқеи устувор пайдо намояд.