Дар вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи байналмилалии мудофиаи шаҳрвандӣ чорабинии омӯзишӣ бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо баланд бардоштани дониши хонандагон буда, дар доираи он толибилмон бо қоидаҳои асосии бехатарӣ ҳангоми рух додани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулода шинос карда шуданд.
