Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода аз дурахшонтарин ситораи олами адабиёт буда, ҳамчун шоири тараннумгари сулҳу озодӣ ва пайвандгари дӯстӣ эътироф гардидааст. Соли равон бо баргузории як қатор чорабиниҳо 115 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил гардид.
