10.06.2026 04:34

Тоҷикистон давлати ҷавон аст ва 70 дарсади аҳолиро шахсони то 30-сола ташкил медиҳанд. Ин аст, ки аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият, роҳбарияти давлату ҳукумат ба насли ҷавон таваҷҷўҳи зиёддошта, ба татбиқи сиёсати давлатӣ нисбат ба ҷавонон дар ҷумҳурӣ афзалияти махсус дода мешавад. Фаъолияти ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар рушди иқтисоди миллӣ имрӯз назаррас буда, онҳо ғояҳои созанда пешниҳод намуда, бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар онро дар амал татбиқ намуда истодаанд.